Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи фаъолияти нахустин гурӯҳи омӯзиши илмҳои нанотехнологӣ дар Тоҷикистон нанотехнологҳоро дар нимароҳ гузоштааст.

Дар ҳоле ки аксар кишварҳои ҷаҳон ба рушди пажӯҳишҳои нанотехнологӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд, дар Тоҷикистон нахустин гурӯҳи омӯзиши илмҳои нанотехнологӣ аз фаъолият монд.

Гурӯҳи омӯзиши илмҳои нанотехнологӣ дар Тоҷикистон барои аввалин бор соли 2008-ум дар назди факултаи фанновариҳои мухобиротӣ ва иттилоотии Донишгоҳи техникии кишвар таъсис ёфта буд. Ба ин гурӯҳ аксар ҷавонони лаёқатманд ва ғолибону донандагони хуби илмҳои дақиқ интихоб гардиданд.

Аммо таҳсили ин гурӯҳи ҷавонон, ки интизор буд, чун нанотехнолгҳои ояндаи тоҷик омода шаванд, бо сабаби набуди мутахассисони соҳаи нанотехналгия то ба охир нарасид. Мирзомурод Гадозода, декани факултаи технологияи информатсионӣ ва комуникатсионӣ гуфт, "аз сабабе, ки муттахассис набуд, дар соли хониши 2011-ум дигар аз рӯи ин ихтисос донишҷӯ қабул намекардем. Донишҷӯёне, ки алакай дар ин гурӯҳ таҳсил мекарданд, ба ихтисосҳои дигар гузаштанд ва баъзеашон барои таҳсил ба донишгоҳҳои Русия рафтанд."

Нахустин муҳассилини гурӯҳи махсуси илмҳои нанотехнологӣ, ки ҳоло ноумед шудаву ба омӯзиши соҳаҳои дигар рӯ овардаанд, мегӯянд, замони таъсиси гурӯҳ ба онҳо ваъда шуда буд, ки пас аз 2 соли омӯзиши илмҳои асосӣ ва дақиқ бинобар набуди муттахасис ва шароитҳои зарурӣ онҳо ба кишварҳое ирсол мешаванд, ки заминаи хуби таълими нанотехнологияро доранд. Аммо ин ваъда иҷро нашуд ва таҷрибаи нахустини таълими илми нави нанотехнология дар Тоҷикистон ноком гашт.

Хурсанд Ёров (аз тарафи рост)

Хурсанд Ёров (аз тарафи рост)

Ҳудуди 7 ҷавоне ҳам, ки интизор мерафт, чун нахустин нанотехнологҳои тоҷик муаррифӣ шаванд, дар нимароҳ мондаву ба ҳар тараф пароканда шуданд. Хурсанд Ёров, яке аз чунин нанотехнологҳои тоҷик аст, ки маҳз баъд аз пирӯзии ӯ дар озмуни байнулмилалии илмҳои нанотехнологӣ дар Тоҷикистон ин таҷриба роҳандозӣ шуд. Хурсанд баъд аз ғалаба дар озмуни ҷаҳонӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Маскав имтиёз ба даст овард, аммо мегӯяд, нарафт ва мутаасифона мисли "муши озмоишӣ" қурбони ин тарҳи номуваффақ шуд.

"Агар вақтро бозпас гардонда мешуд, дар Тоҷикистон намехондам. Зеро донишгоҳҳои Тоҷикистон барои омӯзиши илмҳои нав ҷавобгӯ нест ва на танҳо илмҳои нав, балки барои омӯзиши илмҳои дақиқ ҳам мисли физикаву химия мо шароитҳои хубу муосир надорем",-мегӯяд Хурсанд Ёров.

Нодира Қозиҷонова, омӯзгори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Тоҷикистон, мегуяд, аслан идеяи роҳандозии таълими нанотехнология дар ин Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иштибоҳ буд: "Донишгоҳи техникӣ ҳоло озмоишгоҳҳое, ки барои омода кардани нанотехнологҳо лозиманд, надорад. Ин фақат як идея буд, вале барномаи қадам ба қадам амалишавии ин тарҳ набуд. Хуб фикр нашуда буд."

Ба ин тартиб, ҳоло 2 тан аз ин донишомӯзони акнун собиқи гурӯҳи нанотехнологияи Донишгоҳи техникӣ тариқи озмун бо сарпарастии Бонки Миллӣ таҳсилашонро дар донишгоҳи Маскав идома медиҳанд. Як нафар ҳам дар Ҷопон асту боқӣ мисли Хурсанд Ёров дар Тоҷикистон ба таҳсили худ идома медиҳанд.

Нанотехнология маънои тағйири хосияти ҷинсҳоро дорад ва хусусияти муҳимаш дар он аст, ки ҳар чиз ё маводро дар хурдтарин ҳаҷм мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG