Пайвандҳои дастрасӣ

3 сарбози Арманистон дар тирандозӣ кушта шуданд


Мақомоти расмии Арманистон мегӯянд, дар ҷараёни тирандозӣ бо мардони мусаллаҳ 3 нафар сарбозони онҳо кушта шудаанд. Ин афроди мусаллаҳ талош кардаанд, аз қаламрави Озарбойҷони ҳамсоя вориди хоки Арманистон шаванд. Мақомоти вазорати дифои Арманистон гуфтаанд, ки харобкорон талош доштаанд аз Озарбойҷон вориди минтақаи Тавуши Арманистон шаванд. Дар бораи кушта шудан ё боздошти харобкорон маълумот дода нашудааст. Озарбойҷон низ ба ин хабар вокуниш нишон надодааст.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико вориди Ереван-пойтахти Арманистон мешавад ва бо раҳбарони ин кишвар гуфтугӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG