Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми зиндони Охуновро эълон мекунад


Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов-раиси пешини ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар сухани охиринаш дар толори Додгоҳи олӣ мақомоти додситониро ба ришвахориву фасод муттаҳам кард ва аз додрасҳо тақозо намуд, то фаъолияти бозрасони парвандааш тафтиш шавад.

Мурофиа дар толори Додгоҳи олӣ баргузор шуд ва дар он муштариёни ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳузур доштанд. Охунов боздошт ва муҳокимааш дар додгоҳро амали барқасдона унвон кард: “Ман мақсади дуздӣ ё фиребкорӣ надоштам. Маро озод кунед, ки аз пайи кори худ шавам. Мо бо ширкатҳои Русия шартнома бастаем ва мехоҳем дар шаҳраки Навбаҳор бозори калон бунёд кунем.”

25-уми майи соли ҷорӣ додситонӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон тақозо кард, то Ҷӯрабек Охуновро ба 17 соли зиндон маҳкум намояд. Ба ҷуз ин, додситонӣ пешниҳод кардааст, ки баъд аз анҷоми ин баҳс чанд сохтмоне, ки ба "Мовароуннаҳр" тааллуқ дорад, фурӯхта, маблағи он ба муштариёни ин ширкат дода шавад.
XS
SM
MD
LG