Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мувофиқа ҳосил шудааст, ки ширкати Зи Ҷин дар вилояти Суғд як корхонаи истихроҷи мис низ бунёд намояд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода ва гуфтааст, ин мувофиқа зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мису тилои ширкати Зи Ҷин ҳосил шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин ширкати чинӣ бо истифода аз фанновариҳои ҷадид (нав)-и олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мис истеҳсол намуда, 40 дарсади онро ба хориҷ, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекардааст.

Инчунин, ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, қарор аст, то чанд соли наздик ширкати муштараки Тоҷикистону Чин тавлиди тилоро ба 5 тонна дар як сол бирасонад. Корхонаи "Зарафшон", ки моликияти муштараки Тоҷикистону Чин аст, соли гузашта андаке бештар аз 1 тоннаву 300 кило тило истихроҷ кардааст, ки 9 дарсад бештар аз соли 2010 аст.

Омори мазкурро зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, дорандаи саҳмияҳои корхонаи "Зарафшон" эълом кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар майдони шаҳри Шанхан раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон "шаҳрванди фахрӣ"-и ин шаҳр эълон шуда, ба ӯ "Калиди тиллоӣ"-и он ва дипломи шаҳрвандии фахрӣ тақдим гардидааст. Ҷаноби Раҳмон бо сипос аз ин қадрдонӣ гуфтааст, "дар асри бисту як мо якҷоя бо Чин масоили рушди муштаракро ҳаллу фасл мекунем, дӯстии деринаро таҳким мебахшем ва ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якуми июн барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба Чин рафт ва то панҷуми июн дар он ҷо хоҳад монд.

Қарор аст, ҳайати давлатии Тоҷикистон дар Пекин масъалаи тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, коркарди захираҳои азими нуқраи “Конимансури Калон”, конҳои ёқуту тило дар Архари Помири Шарқӣ ва барномаҳои дигарро низ баррасӣ кунад. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Чин, ки рӯзи якуми июн оғоз ёфта буд, рӯзи панҷуми июн ба поён мерасад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG