Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футзали Ҷопон қаҳрамони Осиё гардид. Мунтахаби Ҷопон дар бозии ниҳоӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бар дастаи Тайланд бо ҳисоби бузурги 6:1 ғалаба кард.

Бозӣ барои ҷойи севум миёни тимҳои Эрону Австралия баргузор шуд. Эрониҳо ба дарвозаи австралиягиҳо чаҳор голи беҷавоб заданд. Дастаи Эрон, ки аз ин пеш даҳ бор қаҳрамони Осиё шуда буд, ин дафъа барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Тайланд, Эрон, Австралия ва Кувайт қораи Осиёро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 1-ум то 18-уми ноябри соли равон дар шаҳрҳои Бангкок ва Накхонратчасимаи Тайланд баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи “В” бо 3 имтиёз мақоми севумро касб кард ва аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Мунтахаби Тоҷикистон баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар тими Тайван бо ҳисоби 6:4, дар даври дувум аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:6 ва дар даври севум аз дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2012
Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ

Тайланд – Лубнон – 5:3
Эрон – Узбакистон – 6:3
Ҷопон – Қирғизистон – 1:0
Кувайт – Австралия – 2:3 (замони изофӣ)

Бозиҳои ниманиҳоӣ

Тайланд – Эрон – 5:4 (замони изофӣ)
Ҷопон – Австралия – 3:0
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
Эрон – Австралия – 4:0

Бозии ниҳоӣ

Тайланд – Ҷопон – 1:6
XS
SM
MD
LG