Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарёи Душанбе риштаи умри ду бародарро канд


Шоми рӯзи якшанбе (3-юми июн) бар асари моҳигирӣ ду бародар дар дарёи Душанбе ғарқ шудаанд. Он гуна, ки Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе ин бародаронро соати 21-у 21 дақиқа аз об берун овардаанд. Нозимов гуфт, ҷасади бародарон ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дода шудааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ифшои ному насаби ин бародарон худдорӣ
кард, аммо гуфт, онҳо сокинони шаҳри Душанбе буда, яке 33 ва дигаре 35 сол
доштаанд.

Ғарқ шудани ду бародар дар дарёи Душанбе дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳанӯз аввали моҳи май ба шаҳрвандон муроҷиатномаеро ирсол ва аз онҳо давъат карда буд, то аз оббозӣ дар кӯлу дарёҳое, ки оббозӣ манъ аст, худдорӣ кунанд. Муддати як соли охир 118 нафар дар дарёҳои кишвар ғарқ шудаанд.
XS
SM
MD
LG