Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду таҳлилгари амрикоӣ навиштаанд, ки "кӯҳҳои касногузараш Тоҷикистонро аз назари иқтисодӣ камаҳамият мекунад".

Рафаелло Пантуччӣ ва Александр Петерсен, ду таҳлилгар аз Бунёди Ҷеймстаун, мегӯянд, Тоҷикистон аз он хотир барои Чин муҳим нест, ки аз сарватҳои табиии фаровон маҳрум буда, кӯҳҳои касногузараш Тоҷикистонро аз назари иқтисодӣ камаҳамият мекунад. Ин таҳлилгарон навиштаанд, аз ҳамин хотир нуфузеро, ки Чин, масалан, дар Қазоқистону Қирғизистон дорад, дар Тоҷикистон намебинем.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) аз Чин 600 миллион доллар кӯмак ва қарз гирифтааст, аммо ин маблағ бо сармоягузориҳои Чин дар Қазоқистону Қирғизистон қобили қиёс нест. Ба гуфтаи таҳлилгарони Бунёди Ҷеймстаун ҳузури чиниҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон чандон маълум нест, ҳарчанд тоҷирону коргарон ва ресторан (тарабхона)-ҳои чинӣ аҳён-аҳён ба назар мерасанд ва дар аксарияти тарҳҳои сохтмонӣ, махсусан, роҳҳо коргарони чинӣ ҳастанд.

Аз назари фарҳангӣ ҳам ба гуфтаи таҳлилгарони Бунёди Ҷеймстаун, Чин дар Тоҷикистон баръакси кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нуфузи бисёр кам дорад ва шӯъбаи заифи Донишгоҳи Конфусиуси Чин дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Аммо дар Тоҷикистон, сармояи Чин "нури дидаву тоҷи сар" аст, зеро Душанбе ҳоло равобити хубе бо Русия надорад ва ҳамкориҳояш бо Амрико ва бозигарони ғарбӣ гаравгони вазъ дар Афғонистон аст ва Чин ҳам дар ивази сармоя ба Тоҷикистон шарту шароити нороҳаткунанда намегузорад.

Таҳлилгарони Бунёди Ҷеймстаун менависанд, Тоҷикистон барои Чин аҳамияти дувумдараҷа дорад, вале афзоиши майли Чин ба Тоҷикистон ба рӯйдодҳои Афғонистон вобаста хоҳад буд. Агар Чин ба истихроҷи майдони миси Айнак ва ё истихроҷи майдонҳои гази Амударё дар Афғонистон шурӯъ кунад ва пас аз аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ (дар соли 2014) шоҳиди Афғонистони нисбатан ором ва дар ҳоли рушд бошем, пас, аҳамияти Тоҷикистон бо роҳҳои иртиботиаш миёни Шинҷону Афғонистон барои Чин хоҳад афзуд. Дар сурати бадтар шудани вазъи дохилӣ дар Покистон ҳам арзиши Тоҷикистон барои Чин ба ҳайси як пайроҳаи икмолотӣ боло хоҳад рафт.

Дар чунин ҳолат, ҳамкории Чин бо Тоҷикистон бештар хоҳад шуд ва сармояи зиёдтари он ба вилояти Бадахшон ва ҳам дар ғарби сераҳолии Тоҷикистон хоҳад афзуд.

Таҳлилгарони Бунёди Ҷеймстаун мегӯянд, ғолибан сармоягузорони чинӣ бо назардошти вазъи номуайян ва эҳтимолан ноороми Афғонистон то 10 соли оянда эҳтиёткор хоҳанд буд. Барои Тоҷикистон ин чунин маънӣ дорад, ки барои Чин яке аз роҳҳои зиёди манофеи Чин дар Авруосиё ва расидан ба Уқёнуси Ҳинд мемонад. Аммо айни замон аз назари воридоти молу коло ва сармояи чинӣ назар ба Қирғизистону Қазоқистон аҳамияти камтар хоҳад дошт. Аммо ягона чизе ки метавонад, тағйир диҳад, бунёди роҳи оҳан аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва Афғонистон аст, ки то Уқёнуси Ҳинд бирасад.

Ин тарҳ то кунун ба ҳадди кофӣ ҳимояти сиёсиву молӣ надорад, вале агар пайдо кунад, дар он сурат тоҷирону сармоягузорон ва сиёсатгузорони Чин ба Тоҷикистон бо чашми дигар нигоҳ ва аҳамияти стратегии онро аз нав арзёбӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG