Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико аз Чин дар солгарди юриш


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Чин хостааст, тамоми онҳоеро, ки зимни саркӯби тазоҳуроти 23 соли пеш дар майдони Тианмен боздошт карда буд, аз зиндон раҳо кунад. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар баёнияе аз давлати Чин хост, “теъдоди куштаву боздошт ва бенишоншудагонро” ошкор кунад. Рӯзҳои 3 ва 4 июни соли 1989 сарбозони чинӣ бо юриш ба майдони Тианмен ба хотири поён додан ба тазоҳуроти шашҳафтаинаи тарафдорони демократия садҳо нафарро куштанд. Айни ҳол хабаргузории Франс Пресс гузориш додааст, ки нерӯҳои пулис дар вилояти ҷанубушарқии Сиҷуани Чин дар солгарди саркӯби тазоҳуроти Тианмен 20 фаъоли ҳуқуқи инсонро латукуб кардааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди ангуштшумори тазоҳургарони соли 1989 дар зиндонҳои Чин боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG