Пайвандҳои дастрасӣ

"Зарафшон" тавлиди тилоро ба 5 тонна мерасонад


Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, қарор аст, то чанд соли наздик ширкати муштараки Тоҷикистону Чин тавлиди тилоро ба 5 тонна дар як сол бирасонад. Корхонаи «Зарафшон», ки моликияти муштараки Тоҷикистону Чин аст, соли гузашта андаке бештар аз 1 тоннаву 300 кило тило истихроҷ кардааст, ки 9 дар сад бештар аз соли 2010 аст. Омори мазкурро зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, дорандаи саҳмияҳои корхонаи «Зарафшон» эълом кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, мулоқоти ду тараф мувофиқа ҳосил шудааст, ки ширкати мазкур дар вилояти Суғд як корхонаи истихроҷи мис низ бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG