Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба Тошканд, Пекин ва Остона сафар мекунад


Cафари чаҳоррӯзаи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба кишварҳои осиёӣ рӯзи душанбе аз Тошканд шурӯъ мешавад. Юрий Ушаков, ёвари сарвари Русия, ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти Владимир Путин ва ҳамтои ӯзбакаш Ислом Каримов санади ҳусни тафоҳум дар бораи ба минтақаи тиҷорати озод пайвастани Ӯзбакистон имзо хоҳад шуд.

Сипас раисиҷумҳури Русия ба Пекин парвоз мекунад ва он ҷо бо раиси Ҷумҳурии халқии Чин Ҳу Ҷинтао музокирот анҷом дода, дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат хоҳад кард. Дар долонҳои ин нишаст мулоқоти Владимир Путин бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод тарҳрезӣ шудааст.

Сафари Владимир Путин рӯзи 7 июн дар Остона поён меёбад. Қарор аст, ки ӯ ва раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG