Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ хостори бознигарии ҳукми додгоҳи Қоҳира шуд


Додситонии кулли Миср бознигарии ҳукми додгоҳи шаҳри Қоҳира дар мавриди сафед кардани шаш корманди воломақоми полисро талаб кард. Ҳамаи онҳо дар даст доштан дар куштори садҳо тазоҳургарон дар ҳаводиси зимистони соли гузашта айюдор мешуданд . Додгоҳ асноду шаҳодат дар бораи гуноҳи онҳоро нокофӣ хонд ва сафедашон кард.Раисиҷумҳури собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак ва вазири пешини умури дохилӣ Ҳаабиб ал-Адлӣ бо ҳамин иттиҳом ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Имрӯз садҳо нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ омада, алайҳи ҳукми додгоҳ дар баробари раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак ва дигар мансабдорони воломақом эътироз мекунанд. Онҳо ҳукмро ноодилона ва раҳоии мансабдорони воломақомро нодуруст мехонанд. Дирӯз баъд аз эълони ҳукм дар майдони Таҳрир тақрибан 20 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд, бархе онҳо шабро дар он ҷо рӯз карданд.

Шаби гузашта ҷавонони норозии шаҳрҳои Фаюм ва Ҳургада ба ситоди интихоботии Аҳмад Шафиқ, номзад ба мақоми президентӣ ва охирин сарвазири ҳукумати Муборак ҳамла карданд. Дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Миср, ки қарор аст рӯзҳои 16 ва 17 июн баргузор шавад, Аҳмад Шафиқ бо номзади “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG