Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад дар ҳаводиси Сурия "нерӯҳои беруна"-ро айбдор кард


Башор Асад вазъи феълии Сурияро “сангинтарин марҳала дар таърихи баъди раҳоияш аз банди мустамликадорон” унвон кард. Раисиҷумҳури Сурия дар суханронӣ дар парлумони кишвар нерӯҳои хориҷиро дар он айбдор намуд, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Сурия фурӯзон кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, суханронии Башор Асад аз изҳороти қаблияш тақрибан фарқе надошт ва ӯ масъулияти ҳаводиси кишварро бар дӯши гурӯҳҳои террористӣ вогузошт.

Дар нахустин интихоботи парлумонӣ бо ширкати аҳзоби гуногуни сиёсӣ дар Сурия, ки як моҳ пеш баргузор гардид, эътилофи пуштибон аз Башор Асад пирӯз шуд. Мухолифини ҳукумат ин маъракаро “таҳқири демократия” унвон ва онро таҳрим карда буданд.

Дар ҳамин ҳол хушунат дар Сурия идома дорад. Ба иттилои гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари мустақар дар Лондон, дирӯз бар асари даргириҳо дар Сурия 89 нафар, аз ҷумла, 57 сарбози артиш кушта шуданд – ин бузургтарин талафоти нерӯҳои ҳукуматӣ баъд аз оғози нооромиҳо дар кишвар дар моҳи марти соли гузашта маҳсуб мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Троблуси Либия низ бархӯрдҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифини Башор Асад идома ёфтанд. Шурӯъ аз рӯзи ҷумъа дар ин низоъ 14 нафар ба ҳалокат расида, 48 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG