Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати боз 8 нафар аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар вилояти Вазиристони ҷанубии Покистон, дар наздикиҳои марзи Афғонистон, бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дасти кам 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Як корманди хадамоти кашфи Покистон бидуни ифшои ному насабаш хабар дод, ки ҳавопаймо ба манзили як фармондеҳ чаҳор мӯшак андохтааст.

Ҳангоми ҳамла дар ин манзил маросими ҷанозаи бародари фармондеҳ идома дошт, ки ӯ рӯзи шанбе аз дигар зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ҷон бохта буд.

Ҳукумати Покистон борҳо аз ИМА талаб кардааст, ки зарбаҳо ба қаламрави кишвар аз сӯи ҳавопаймоҳои бесарнишинро қатъ кунад ва ин мавзӯъ боиси сардии равобити миёни ду кишвар ҳам шудааст. Рӯзҳои ахир зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG