Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Майдони Таҳрир боз ба макони эътирозҳо табдил шуд


Садҳо нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ омада, алайҳи ҳукми додгоҳ дар баробари раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак ва дигар мансабдорони воломақом эътироз мекунанд. Онҳо ҳукмро ноодилона ва раҳоии мансабдорони воломақомро нодуруст мехонанд.

Дирӯз баъд аз эълони ҳукм дар майдони Таҳрир тақрибан 20 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд, бархе онҳо шабро дар он ҷо рӯз карданд. Соли гузашта эътирозҳои густурда дар ҳамин майдон бо истеъфои Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфта буданд.

Додгоҳи Қоҳира рӯзи шанбе Ҳуснӣ Муборак ва вазири пешини умури дохилӣ Ҳабиб ал-Адлиро бо иттиҳоми даст доштан дар куштори 850 эътирозгар дар гирдиҳамоиҳои соли гузашта ба ҳабси абад маҳкум кард. Дигар мансабдорон ва ду писари Муборак аз рӯи ин парвнадаи ҷиноӣ сафед карда шуданд.

Барха аз шаҳрвандон ва ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” ҳукми додгоҳро “сабук” мехонанд.

Шаби гузашта ҷавонони норозии шаҳрҳои Фаюм ва Ҳургада ба ситоди интихоботии Аҳмад Шафиқ, номзад ба мақоми президентӣ ва охирин сарвазири ҳукумати Муборак, ҳамла карданд. Дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Миср, ки қарор аст рӯзҳои 16 ва 17 июн баргузор шавад, Аҳмад Шафиқ бо номзади “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG