Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Башор Асад дар парлумон суханронӣ мекунад


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, имрӯз дар парлумони кишвар суханронӣ мекунад. Дар ин бора телевизиони давлатӣ хабар дод.

Дар нахустин интихоботи парлумонӣ бо ширкати аҳзоби гуногуни сиёсӣ дар Сурия, ки як моҳ пеш баргузор гардид, эътилофи пуштибон аз Башор Асад пирӯз шуд. Мухолифини ҳукумат ин маъракаро “таҳқири демократия” унвон ва онро таҳрим карда буданд.

Дирӯз Ҷомеъаи кишварҳои араб хостори тасмими сареъи Шӯрои амниятии СММ ба хотири қатъи хушунат дар Сурия шуд. Бархе аз кишварҳои узв, аз ҷумла, Қатар талаб намуданд, ки мӯҳлати татбиқи тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон муқаррар шавад. Дар сурати дар ин муддат поён наёфтани хушунат Шӯрои амнияти СММ метавонад дар мавриди дахолати низомӣ ба умури Сурия тасмим бигирад.

Кофӣ Аннон дар ин нишасти Қатар изҳор намуд, ки Сурия дар вартаи ҷанги густурдаи шаҳрвандӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG