Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуснӣ Муборак ба додгоҳи Тора интиқол ёфт


Раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ба маҳбаси Тора, воқеъ дар канори Қоҳира, интиқол ёфт.

Имрӯз додгоҳи шаҳри Қоҳира Муборакро барои ҳамдастӣ дар куштори эътирозгарон ҳангоми намоишҳои оммавии соли гузашта ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар мурофиа гуфта шуд ,ки Муборак аз тирпарронӣ сӯи эътирозгарон ҷилавгирӣ накардааст. Собиқ вазири умури дохилии Миср Ҳабиб ал-Адлӣ низ ба ҳабси абад маҳкум гардид.Ба иттилои расмӣ, бар асари саркӯбии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Миср 850 нафар кушта шудаанд.

Вакилони дифоъи Ҳуснӣ Муборак гуфтанд, ки аз болои ҳукм шикоят мебаранд.
Додрас Аҳмад Рифъат ду писари Ҳуснӣ Муборак – Ало ва Ҷамолро, ки дар фасод айбдор мешуданд, сафед кард.

Мақомот барои таъмини тартибот дар канори Академияи полиси Қоҳира, ки мурофиа он ҷо мегузашт, панҷ ҳазор кормандони полис ва ду ҳазор низомиёнро сафарбар карда буданд. Баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ занозанӣ шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG