Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ба малика Елизаветаи 2 арҷ мегузорад


Дар Бритониё таҷлил аз 60-солагии ба тахт нишастани малика Елизаветаи 2 шурӯъ шуд. Қарор аст, ки ид чаҳор рӯз идома кунад ва дар сартосари кишвар тақрибан 9500 чорабинӣ, аз ҷумла, маросимҳои низомӣ, раҳпаймоиҳои идона ва консертҳо баргузор шаванд.

Рӯзи якшанбе малика дар паради дарёӣ дар рӯдхонаи Темза бо ширкати тақрибан ҳазор киштӣ ҳузур хоҳад дошт. Рӯзи душанбе ба шарафи ид дар Кохи Букенгем консерти бошукӯҳ баргузор мешавад. Рӯзи дигараш дар Лондон чорабиниҳои асосӣ, аз ҷумла, раҳпаймоӣ бо ширкати малика, пешбинӣ шудаанд.

Малика Елизаветаи 2соли 1952, замони нахуствазирии Уинстон Черчилл ба тахт нишаст. Дар ин муддат дар кишвар 12 бор раиси ҳукумат дигар шуд.
XS
SM
MD
LG