Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоӣ аз ҳукми Ҳусни Муборак ва наздикони ӯ


Даҳҳо ҳазор сокини Миср аз ҳукми додгоҳ дар баробари Ҳуснӣ Муборак ва фарзандони ӯ изҳори норизоӣ карданд.

Ҳазорон нафар дар майдони "Таҳрир"-и Қоҳира ҷамъ омада, алайҳи ҳукми додгоҳ дар баробари раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак ва дигар мансабдорони воломақом эътироз мекунанд. Онҳо ҳукмро ноодилона ва раҳоии мансабдорони воломақомро нодуруст мехонанд.

Рӯзи шанбе, дувуми июн, баъд аз эълони ҳукм дар майдони "Таҳрир" тақрибан 20 ҳазор нафар ҷамъ омада ва бархе аз онҳо шабро дар он ҷо рӯз карданд. Тазоҳургарон шиорҳое алайҳи ҳукми додгоҳ сар дода, додситонро ба он муттаҳам мекунанд, ки барои маҳкум намудани муттаҳамон далелҳои кофӣ гирдоварӣ накардааст. Соли гузашта эътирозҳои густурда дар ҳамин майдон бо истеъфои Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфта буданд.

Додгоҳи шаҳри Қоҳира раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборакро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳуснӣ Муборак баъд аз эълони ҳукм ба маҳбаси Тора, воқеъ дар канори Қоҳира, интиқол ёфт. Бар пояи бархе хабарҳо, ӯ ба маризии дил гирифтор шуд ва ҳоло дар бемористони маҳбас аст. Додгоҳи Миср раҳбари пешини ин кишварро дар ҳамдастӣ дар куштори эътирозгарон ҳангоми намоишҳои оммавии соли гузашта айбдор намуд. Дар мурофиа гуфта шуд, ки Муборак аз куштори мардум ҷилавгирӣ накардааст. Собиқ вазири умури дохилии Миср Ҳабиб ал-Адлӣ низ ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ба иттилои расмӣ, бар асари саркӯбии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Миср 850 нафар кушта шудаанд.

Ҳамроҳ бо Муборак писаронаш Ало ва Ҷамол ва шаш муовини вазири умури дохилӣ ҳам низ ба додгоҳ кашида шудаанд.Аммо додгоҳ онҳоро бегуноҳ хонд.

Мақомоти Миср барои таъмини тартибот дар канори Академияи полиси Қоҳира, ки мурофиа он ҷо мегузашт, панҷ ҳазор кормандони полис ва ду ҳазор низомиёнро сафарбар карда буданд. Бо вуҷуди ин, баъд аз эълони ҳукми додгоҳ дар толор занозанӣ шурӯъ шуд, дар канори бино бошад ҳазорон ҷонибдорону мухолифини Ҳуснӣ Муборак талаб намуданд, ки ҳукм лағв карда ва ҳайати додрасҳо тайғир дода шавад.

Миёни полис ва ҷонибдорони ҷунбиши Ихвон-ул-муслимин, ки эъдоми Муборакро талаб мекарданд, бархурд ба вуқӯъ пайваст ва чанд нафар маҷрӯҳ шуданд. Ёдовар мешавем, аз ин пеш додситони хостори ҳукми эъдоми Ҳуснӣ Муборак ва ал-Адлӣ шуда буд.

Ҳуснӣ Муборак ба ҳабси абад маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим


Аммо ҳукми додгоҳ дар баробари Муборак ва дигар гумонбарон, аз ҷумла, фарзандони ӯ, созиши сиёсӣ нест? Оё додгоҳ дар ироаи ҳукм то куҷо аз инсоф кор гирифтааст? Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ҳукм аз сиёсат ҷудо ва мустақил будани додгоҳи Қоҳираро намоиш дод ва он бар пояи санадҳои расида эълон шудааст. "Агар додгоҳ мехост бо эҳсосоти мардум ҳукм содир кунад, бояд ба ҳама гумонбарон ҳукми эъдом медод. Бар пояи асноду шаҳодатҳо Ҳуснӣ Муборак ва Ҳабил ал-Адлӣ дар бархе ҷиноятҳо сафед карда шуданд".

Мусоҳиби мо меафзояд, ҳукми ҳабси абади раисиҷумҳури пешин бар пояи он эълон шуд, ки Муборак чун сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ барои манъи куштори мардум мудохила накардааст.

Ба гуфтаи оғои Нуризода, дар баробари дигар гумонбарон ҳам додгоҳ аз адолат кор гирифтааст, Аз ҷумла, шаш муовини вазири умури дохилӣ барои он сафед карда шуданд, ки зердастанд. Дар Миср қонуне мавҷуд аст, ки агар раис маҳкум ба зиндон шуд, зердасти ӯ аз рӯи ҳамон парванда маҳкум намешавад.

Дар баробари фарзадони Ҳуснӣ Муборак бошад, меафзояд таҳлилгар, онҳо фақат аз рӯи ҳамин парвандаи ҷиноӣ бегуноҳ дониста шуданд ва дигар иттиҳом алайҳи онҳо, тавре дар мурофиа ҳам таъкид гардид, дар додгоҳҳои ҷароими хос ва маданӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Аммо ин ҳукми додгоҳ, ки аз он ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифини Муборак норозиянд, оташи хушунатро дар Миср дубора доман нахоҳад зад? Алиризо Нуризода дар посух ба суол мегӯяд, ки “ин ба маслиҳати ҳеҷ кас нест": "Миср 80 миллион нафар шаҳрванд дорад ва теъдоди аъзами мардум аз ин ҳама ошӯбу бесомониҳо хаста шудаанд. Шояд гурӯҳҳое мехоҳанд аз ин ҳукм сӯиистифода кунанд ва рӯзи шанбе афроде дар майдонҳои Таҳрир ва Искандария гирди ҳам омаданд. Ва аммо доман задани низоъ на ба нафъи “Ихвон-ул-муслимин” аст, на ба нафъи Аҳмад Шафиқ (довталаби аслии курсии раисиҷумҳури Миср) ва на ба нафъи интихобот, на на нафъи Шӯрои низомӣ ва на ба нафъи ҷомеъаи мадании Миср”. Ва мисриҳо, ба гуфтаи мусоҳиби мо, инро хело хуб дарк мекунанд.

Ҳуснӣ Муборак нахустин мустабиди араб аст, ки аз сӯи додгоҳи кишвараш маҳкум ба зиндон шуд.

XS
SM
MD
LG