Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Қоҳира раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборакро ба ҳабси абад маҳкум кард. Сарвари собиқи Миср дар ҳамдастӣ дар куштори эътирозгарон ҳангоми намоишҳои оммавии соли гузашта муттаҳам шуд.

Дар ҷараёни мурофиаи имрӯз додгоҳ эълом дошт, ки маҳз Муборак амри тирпарронӣ сӯи эътирозгаронро содир кардааст. Собиқ вазири умури дохилии Миср Ҳабиб ал-Адлӣ низ ба ҳабси абад маҳкум гардид.Ба иттилои расмӣ, бар асари саркӯбии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Миср 850 нафар кушта шудаанд.

Аз ин пеш айбдоркунанда барои Ҳуснӣ Муборак ва ал-Адлӣ ҳукми эъдом аз тариқи ҳалқовезиро талаб карда буд.

Ҳуснӣ Муборак ҳамчунин дар фасод айбдор мешавад. Ҳамроҳ бо ӯ писаронаш Ало ва Ҷамол низ ба додгоҳ кашида шуда буданд ва аммо айби онҳо собит нашуд.

Мақомот барои таъмини тартибот дар канори Академияи полиси Қоҳира, ки мурофиа он ҷо мегузашт, панҷ ҳазор кормандони полис ва ду ҳазор низомиёнро сафарбар карда буданд.
XS
SM
MD
LG