Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду ҷангҷӯ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар вилояти Вазиристони ҷанубии Покистон, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дасти кам ду ҷангҷӯ кушта шуданд. Мошини онҳо дар канори маркази вилоят - шаҳри Вана ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Як намояндаи нерӯҳои амниятии Покистон бидуни ифшои ному насабаш хабар дод, ки ин шашумин зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба қадамрави кишвар дар 11 рӯзи ахир аст.

ИМА ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар мубориза бо толибон ва ҷангиёни дар Покистон панаҳбурдаи “Ал-Қоида” истифода мебарад. Ин зарбаҳо ба қаламрави Покистон равобити Вошингтону Исломободро сард кардааст.
XS
SM
MD
LG