Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табибон аз банди одамрабоён озод карда шуданд


Дар вилояти Бадахшон, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, панҷ корманди созмони хайрияи Швейсария - Med Air аз банди одамрабоён озод карда шуданд.

Намояндаи нерӯҳои амниятии минтақа Лаъл Муҳаммад Аҳмадзай хабар дод, ки барои раҳоии онҳо - ду зани табиб,шаҳрвандони Бритониё ва Кения ва се афғон, дар мавзеи Шаҳрибузург амалиёти вижа доир карда шуд. Ба табибон осебе нарасидааст, панҷ нафар аз одамрабоён кушта шуданд.

Кормандони Med Air ҳафтаи гузашта дар ҳоле рабуда шуданд, ки аз шаҳри Файзобод ба волусволии Ёвон мерафтанд, то ки беморони бар асари обхезии ахир осебдидаро муолиҷа кунанд.
XS
SM
MD
LG