Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон талош дорад аз 10 то 15 ҳазор гектар чарогоҳро аз Қирғизистон иҷора бигирад.

Зеро муносибатҳои сард бо Узбакистон иҷораи чарогоҳҳо ба чорводорони тоҷикро номумкин кардааст ва онҳо акнун танҳо аз чарогоҳҳои Қирғизистон истифода мекунанд. Мақомоти қирғиз ҳаққи истифодаи ҳар як гектари чунин чарогоҳ дар вилояти Бодкандро 3 доллар муайян кардаанд.

Сафаралӣ Назаров, сардори шӯъбаи чорводорӣ ва зотпарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо талош доранд, ки ин қимматро то ба 2 доллар арзонтар намуда, дар ду ҳафтаи наздик созишномаро ба имзо расонанд: «Феълан мо аз чарогоҳҳои Узбакистон истифода намебарем. Чорводорони вилояти Суғд аз чарогоҳҳои вилояти Боткенти Қирғизистон истифода мебаранд. Дигар минтақаҳо бошад гову гӯсфанди худро ба даштҳои вилояти Хатлону Бадахшон ва водии Рашт гусел мекунанд.»

Соли ҷорӣ бинобар тӯлонӣ шудани зимистон, чорво ба чарогоҳҳои тобистона як моҳ дертар, аз аввали май фиристода шуд. Дар ҳудуди Тоҷикистон наздик ба 4 миллион гектар замин ба ҳайси чарогоҳ муайян шудааст. Аз ин шумор 50 дарсадаш чарогоҳҳои тобистона ва боқимонда чарогоҳҳои зимистонаву баҳорӣ ва доимӣ мебошанд.

То моҳи майи соли ҷорӣ дар кишвар наздик ба 2 миллион сар гов ва 5 миллион сар гӯсфанд шумурда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 дарсад зиёд аст. Аммо 7800 сар чорво дар сардиҳои зимистон талаф шудааст. Сафаралӣ Назаров афзуд, аз нисф зиёди чорвои кишвар дар вилояти Хатлон парвариш мешавад: «Қариб 50 дарcади саршумори чорво дар вилояти Хатлон ва 90 фоизи саршумори қутос дар вилояти Бадахшон нигоҳубин мешавад.»

Ҳамасола аз буҷаи давлат ба соҳаи кишоварзӣ беш аз 20 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Хуршед Қаюмов сардори раёсати молияи вазорати кишоварзӣ мегӯяд, аз ин маблағ наздик ба 3, 5 миллион сомонӣ барои рушди соҳаи чорводорӣ истифода мешавад. Яъне ин маблағро барои хушзоткунонӣ, беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо, харидории дорувор ва табобати чорво сарф мекунанд: «Дар ҳоле ки 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар аз ҳисоби кишоварзӣ ба даст меояд, 20 миллион сомонӣ маблағи ночиз аст.»

Ахиран беш аз 40 дарсади ширкатдорони назарсанҷии созмони «Суғдагросерв Консалтинг» иброз доштаанд ки чорводорӣ дар Тоҷикистон ба фарқ аз дигар соҳаҳои аграрӣ, дар сатҳи хеле паст қарор дорад.Коршиносон иллати онро дар набуди маблағгузории кофӣ ва коҳиш ёфтани масоҳати майдонҳои кишти ғизои чорво меҳисобанд.

Ба гуфти хонум Ҷаҳоноро, сокини ноҳияи Айнӣ, дороии сокинони деҳ аз шумори чорвоҳои дар ихтиёрдоштаашон муайян мешавад. Ӯ соҳиби 7 гӯсфанд ва як гов аст. Ба гуфти ӯ, феълан нигаҳдории чорво кори саҳл нест, зеро онҳое гову моли худро дар фасли сармо аз гуруснагӣ наҷот медиҳанд, ки аз пулҳои фиристодаи фарзандони муҳоҷирашон барои ин чорво ғизои иловагӣ мехаранд: «Зимистон як дарза алафро аз 20 то 50 сомонӣ харидорӣ кардем. Онҳое ки фарзандонашон дар Русия аст, пул мефиристанд, алафу сабӯсу кунҷора мехаранд. Аммо онҳое маблағ надоранд, азоб мекашанд. Ҳамин зимистон мо қариб сад банд алаф харидорӣ кардем. Боз аз кӯҳ роваву дигар гиёҳҳо ҷамъоварӣ намудем.»

Исматулло Изатуллоев, сарзоотехники ноҳияи Шаҳристон мегӯяд, дар сурати мавҷуд будани чарогоҳҳои муқимӣ ва захираи кофии маводи ғизоӣ, нигаҳдории гову гӯсфанд ба вазъи иқтисодии хонаводаҳо таъсири мусбат мерасонад. Ӯ мегӯяд, як гови ҷӯшоӣ метавонад як оилаи серфарзандро аз гуруснагӣ наҷот диҳад: «Дар деҳот бе гови ҷӯшоӣ зиндагӣ карда намешавад. Масалан модагов дар як сол, гӯсола таваллуд мекунад. Ширашро ҷӯшида мехӯранд. Гӯсолаашро калон карда мефурӯшанд. Бузу гӯсфанд низ барра ва то 4 килло пашм медиҳад. Пӯсташро ҳам ҳоло нағз харидорӣ мекунанд.»

Мардуми деҳот маъмулан аз аввали баҳор то охири тирамоҳ гову моли худро ба ихтиёри чӯпонҳо мегузоранд. Дар ин давра масъулияти нигоҳубин, гирифтани насл ва ҳимояи онҳо аз гургу офатҳои табиӣ ба души чӯпонҳо вогузор карда мешавад. Ба фарқ аз замони Шӯравӣ, ки колхозҳо зарари талаф шудани чорворо ба дӯш мегирифтанд, ҳоло ҳама хароҷот ба дӯши чӯпон аст. Маблағи бузу гӯсфанди тӯъмаи гургон гаштаро чӯпон аз ҷайби худ пардохт мекунад.

Исломҷон Юсупов, ҷавони 28 сола, даҳ сол аст, ки чӯпонӣ мекунад ва мегӯяд, ин пеша ҳам душворӣ ва ҳам файз дорад: «Дашт бе гург намешавад ва бозор бе дузд. Албата кӯҳҳои мо сангпора аст ва гургаш бисёр. Вай ҳам ризқашро мехоҳад ба даст орад. Ман 4 саги хуб дорам. Як ҳафта шуд, ки сагҳо як гӯсфандро аз даҳони гург гирифтанд. Шукри худо ҳоло гӯсфанд нағз гаштаст. Мегӯяндку аз даҳони гург ҳаққатро кашида гирӣ, ин давлат аст.»

Масъулон ва коршиносон дар ҳоле теъдоди чорворо дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш унвон мекунанд, ки қиммати маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ дар бозорҳои пойтахт рӯз аз рӯз боло мераванд. Новобаста ба он, ки дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 31 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, чунин ба назар мерасад ки он талаботи ҷомеаро қонеъ намесозад.

Дар бозорҳои кишвар гӯшти аз Эрону Покистон ва Ҳиндустон воридшуда бо нархи дастрас фурӯхта мешавад ва нархи маҳсулоти ғизоии гӯштиро муътадил нигоҳ медоранд. Як килограм гӯшти бе устухони аз хориҷ воридшуда аз 20 то 25 сомонӣ арзиш дорад ва аммо гӯшти маҳалӣ аз 30 то 40 сомонӣ фурӯхта мешавад..

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG