Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи ҷумъа гуфт, танҳо роҳи поён додани хушунатҳо дар Сурия ин аст, ки Башор Асад аз қудрат канор равад.

Франсуа Олланд бо баёни ин, ки рафтори режими Сурия дар баробари мардуми он кишвар ғайри қобили таҳаммул аст, афзуд, таҳримҳо роҳро барои хуруҷи ҳукумати Сурия ҳамвор мекунад ва ба роҳи ҳалли мусолиматомез мунҷар хоҳад шуд.

Оқои Олланд, ки дар пайи дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Фаронса дар Порис сӯҳбат мекард, афзуд, режими Сурия муртакиби ҷиноятҳое шудааст, ки машрӯъияти онро аз байн бурдааст.

Раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, режими Асад то кунун рафторҳои ғайри қобили қабул ва таҳаммул ва ҳаракоте нишон додаст, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ роҳе барои ҳалли мушкил ҷуз рафтани Асад боқӣ нагузоштааст.

Раисиҷумҳури Фаронса аз ин қабл истифодаи нирӯи низомӣ дар Сурияро дар сурати ризоияти Шӯрои Амнияти СММ мумкин хонда буд.

Франсуа Олланд дар пайи куштори 108 нафар дар рустои Ҳулои Сурия гуфт: «Дахолати низомӣ дар шароите сарфи назар карда намешавад, ки бо эҳтиром ба қонуни байналмилалӣ сурат бигирад, яъне дар пайи баррасӣ аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ.»

Нозирони СММ мегӯянд, гулӯлаҳои истифодашудаи тонку тӯп ва изи тозаи чархҳои тонкҳо аломати рӯшан медиҳад, ки рустои Ҳулоро нирӯҳои давлатии Сурия тирборон кардаанд.

Ба ҳисоби СММ, шумори умумии қурбониёни 14 моҳи ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия алакай аз марзи 10 000 гузаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG