Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хост, қатли оми Ҳулаи Сурия таҳқиқ шавад


Навӣ Пиллай, маъсули ҳуқуқи башари Созмони Милал, хостори «таҳқиқи байналмилалии бетарафона ва мустақили» қатли ом дар рустои Ҳулаи Сурия шуд. Навӣ Пиллай дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, анҷом надодани чунин таҳқиқ ба «низоъи комили васеъмиқёс» дар Сурия мусоидат хоҳад кард ва тамоми Ховари Миёнаро дар маърази «хатари бузург» қарор хоҳад дод. Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Женева муноқишаи Сурия ва аз ҷумла қатли оми 108 нафар дар рустои Ҳуларо баррасӣ дорад. Қатли мардуми бегуноҳ аксаран кӯдакону занон дар ин русто, хашми ҷомеаи байналмилалро барангехт ва сабаб шуд, ки кишварҳои ғарбӣ дипломатҳои Сурияро аз қаламравҳояшон ихроҷ кунанд. Ба гуфтаи нозирони Созмони Милал, зоҳиран гурӯҳҳои мусаллаҳи алавиҳо, тарафдорони ҳукумати Башшор Асад, масъули ин қатли ом ҳастанд. Аммо ҳукумати Башшор Асад мегӯяд, ба хотири барангехтани низоъҳои мазҳабӣ, қатли оми мардуми суннимазҳабро худи гурӯҳҳои мусаллаҳи суннӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG