Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 31-уми май бозиҳои даври 10-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар чор бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. Ду бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт. Ҳамагӣ 27 гол зада шуд, ки 19-тоаш ба соҳибони майдон ва 8-тоаш ба меҳмонон мутааллиқ аст.

Бозии пешсафони ҷадвали мусобиқот - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва «Ситора»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии марказии даври гузашта маҳсуб мешуд. Мизбонон – футболбозони “Панҷшер”, ки ҳарифони худро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд, мавқеашонро дар садри ҷадвали мусобиқот мустаҳкам намуданд. Вале “Ситора” як зина поин шуд ва дар ҷойи севум қарор дорад.

Дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, ки бар тими меҳмон - «Бохтар»-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот як зина боло – ба ҷойи дувум баромад. “Файзобод” ягона дастаест, ки то ҳоло пирӯз нашудааст ва дар зинаи охирини ҷадвал қарор гирифтааст.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 10-ум чунин аст:

СКИФ (Душанбе) – «Самар» (Восеъ) – 2:2
«Саройкамар» (Панҷ) - «Файзобод» (Файзобод) – 6:2
«Локомотив» (Душанбе) - «Пахтакор» (Қабодиён) – 2:2
«Сабо» (Шаҳринав) - «Барқ» (Норак) - 4:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Панҷшер"

9

8

0

1

39-15

24

2.

Ҳулбук”

10

7

0

3

23-12

21

3.

итора"

9

7

0

2

14-4

21

4.

"Саройкамар"

9

6

1

2

30-15

19

5.

"Кӯктош"

9

5

2

2

16-10

17

6.

"Бохтар”

10

4

3

3

22-16

15

7.

"Самар"

9

4

3

2

15-13

15

8.

"Сабо”

9

3

1

5

20-23

10

9.

"Пахтакор”

9

2

3

4

14-14

9

10.

“Барқ”

9

2

1

6

12-27

7

11.

"Локомотив”

9

2

1

6

10-25

7

12.

СКИФ

10

1

3

6

13-27

6

13.

Файзобод

9

0

0

9

3-30

0


Нишонзанҳои беҳтарин: Абдуҳалим Боронов, Наим Каримов (ҳарду - “Панҷшер”) - 11-голӣ, Соҳиб Ваҳҳобов (“Саройкамар”) - 9 гол.

Даври 11-ум
3-юми июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – 18.00
“Бохтар» - СКИФ
«Пахтакор» - «Саройкамар»

4-уми июн (душанбе)
«Файзобод» - «Сабо»
«Ситора» - «Локомотив»
«Самар» - «Панҷшер»
«Барқ» - «Кӯктош»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG