Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландия мунтазири натиҷаҳои раъйдиҳӣ


Интизор меравад, имрӯз натиҷаҳои раъйпурсии Ирландия дар мавриди паймони эътидоли молӣ дар ҳавзаи евро эълом шавад, ки ҳадафи он тақвияти иқтисоди ин ҳавзаи дармонда дар мушкилот аст. Бино ба назарсанҷиҳо дар остонаи раъйпурсии рӯзи панҷшанбе аксарияти мардуми Ирландия тарафдори ин паймон ҳастанд, ки муаллифи асосиаш Олмон аст. Бар асоси ин паймон, ҳар кишвари узви ҳавзаи евро, ки бо харҷи буҷаи давлатии худро ба низом намеорад, ҷарима хоҳад шуд. Барои қабули паймон, бояд аз 17 кишвари узви евро 12 тои он раъйи мувофиқ диҳанд. То кунун чаҳор кишвари узв паймонро пазируфтаанд, ки қарор аст, соли 2013 ҳукми иҷро бигирад.
XS
SM
MD
LG