Пайвандҳои дастрасӣ

Путин бо хостаҳои нав ба Олмону Фаронса рафт


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа бо раҳбарони Олмон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муноқиша дар Сурияро баррасӣ мекунад. Баъди оғози давраи саввуми раёсати ҷумҳуриаш Владимир Путин дар рӯзи 7 май рӯзи панҷшанбе аз Ҷумҳурии Белорус дидан кард ва бо раиси ҷумҳур Александр Лукашенка мулоқот анҷом дод. Дар Берлин, Владимир Путин дар мулоқот бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз ӯ хоҳад хост, то дари нимабастаи бозорҳои аврупоиро барои Русия бозтар кунад. Мухолифати Русия ба андешидани иқдомоти қатъӣ алайҳи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва шарики деринаи Сурия як мавзӯи дигари мулоқот хоҳад буд. Владимир Путин баъди ин гуфтӯгу барои дидор бо Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Фаронса ба Порис меравад.
XS
SM
MD
LG