Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати баландпояи ҳарбиёни Чин ба Тоҷикистон


Сафари серӯзаи сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Чин, Чен Бинде ба Тоҷикистон аз 5 июн дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд. Вай тибқи барномаи сафари худ бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мулоқт намуда масъалаи тасеъаи ҳамкориҳои низомии ду кишвар баррасӣ карда хоҳад шуд. Ҷаноби Бинде ҳамчунин бо вазирони ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон низ мулоқот хоҳад кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳайати муҳими низомии Чин таҳти сарварии Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба Тоҷикистон хоҳад омад ва бо вазири дифои Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳои дидору музокира хоҳад кард. Дар мулоқотҳо масъалаи тарбияи кадрҳои низомии Тоҷикистон дар Чин мавриди гуфтугӯ қарор хоҳад гирифт. Чен Бинде ҳамчунин дар нишасти фармондеҳони ситоди неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Шонҳой ҷиҳати баргузор кардани машқи низомии муштараки зиддитеррорӣ дар размоишгоҳи Чоруқдарони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин машқи низомии муштарак аз 8 то 14 июн сурат хоҳад гирифт ва дар он ҷузъу томҳои неруҳои мусллаҳҳи кишварҳои узви созмон, ба истиснои Узбакистон, ширкат хоҳанд кард..
XS
SM
MD
LG