Пайвандҳои дастрасӣ

EBU касеро аз мизбонии Eurovision маҳрум намекунад


EBU – Иттиҳоди нашаротии Аврупо хабарҳоеро, ки ин созмони масъули баргузории Eurovision дар оянда кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи инсонро аз ҳаққи мизбонии ин озмуни мусиқии қора маҳрум мекунад, радд кард. Сухангӯ Карен Маззолӣ гуфт, ин созмони мустақар дар Женева барои анҷумани моҳи июни 56 кишвар ва 74 расонаи узваш дар Страссбург пешниҳодҳо дар бораи арзишҳои умумиро таҳия мекунад, вале он “ягон калима дар бораи маҳрум кардани касе аз ҳаққи мизбонии ин озмуни таронаҳо надорад.” Матбуоти Скандинавия мегуфт, ки ин пешниҳод демократӣ будани кишварҳои шомили Eurovision-ро таъкид мекунад. Озарбойҷон - мизбони имсолаи озмун ба интиқоди шадиди ҳомиёни ҳуқуқ рӯбарӯ шуда буд.
XS
SM
MD
LG