Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри аксҳои нави моҳвораӣ аз таъсисоти Порчин


Пажӯҳишгоҳи илм ва амнияти байналмилалии Вошингтон дирӯз аксҳои моҳвораиеро нашр кард, ки талоши Эрон барои нобуд кардани шавоҳиди таҳқиқоти эҳтимолии силоҳҳои ҳастаӣ дар як таъсисоти то ҳол ба рӯи нозирони СММ бастаро гумон мезанад. Бино бар ин тасвирҳо, Эрон ду биноро дар таъсисоти низомии Порчин дар ҷанубушарқи Теҳрон тахриб кардааст.
Порчин соли гузашта вақте мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки аксҳои аз моҳвора бардошташуда ба дунболи дархости боздиди нозирони Ожонси байналмилалии ҳастаӣ аз ин макон маъракаи поккорӣ дар ин корхонаро ба намоиш гузоштанд. Эрон он дархостро радд кард ва исрор мекард, ки Порчин як корхонаи оддии низомист.
XS
SM
MD
LG