Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 марзбон дар марзи Қазоқистону Чин


Дар як гузаргоҳи сӯхта дар марзи Қазоқистону Чин аҷсоди 12 марзбони қазоқ ва як ҷангалбонро пайдо кардаанд. Сухангӯи хадамоти марзбонӣ Лариса Дмитрюк гуфт, муфаттишон аслиҳаи ин марзбонҳои ҳалокшударо ҳам ёфтанд. Қаблан гуфта мешуд, ки аслиҳаи онҳо гум шудааст. Аммо макони 3 марзбони дигар, ки низ дар ҳамин гузаргоҳ адои хидмат мекарданд, маълум нест.
Қазоқистон ҳар тобистон ба хотири пешгирӣ аз кишти ғайриқонунии зироат аз сӯи чиниҳо дар марз бо Чин посгоҳ мегузорад.
XS
SM
MD
LG