Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ҷанозаи 91 ҷангии фаластиниро баргардонд


Исроил аҷсоди 91 ҷангии фаластиниро, ки бино ба хабарҳо, дар ҳамлаҳо алайҳи Исроил кушта шудаанд, ба ташкилоти худгардон супурд. Баъзе онҳо бомбгузорони маргталаб буда, бархе аз ин ҷангиён дар ҳамлаҳои ҳанӯз 40 сол қабл ҷон бохтаанд. 79 ҷасад ба навори Ғаза ва 12 ҷаноза ба сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун таҳвил шуд ва онҳоро бояд акнун бо анҷоми маросими лозим ба хок бисупоранд. Исроил талоши эҳёи музокироти аз декабри соли 2010 мунҷамидшудаи сулҳро ҳадафи ин ҳусни нияташ номид
XS
SM
MD
LG