Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 парвандаи нав алайҳи Юлия Тимошенко


Виктор Пшонка
Виктор Пшонка
Додситони кулли Украина гуфт, таҳқиқи 4 парвандаи дигар алайҳи сарвазири собиқ ва ҳоло зиндонӣ Юлия Тимошенко шурӯъ шудааст. Виктор Пшонка ба маҷаллаи “Фокус” гуфт, “таҳвили 2 миллион доллар аз суратҳисобҳои як бонки таҳти назорати Тимошенко ба созмондиҳандагони қатли вакили парлумон Евген Шербан алакай собит шудааст.” Шербани сарватманд ва ҳамсари ӯ моҳи ноябри соли 1996 дар Донетск кушта шуданд. Тимошенко соли гузашта бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Тарафдоронаш таъқиби ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ мешуморанд.
XS
SM
MD
LG