Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия силоҳбадастонро дар куштори Ҳуло айбдор кард


Сурия “гурӯҳҳои силоҳбадаст”-ро дар куштори як ҳафтаи пеши Ҳуло айбдор кард. Қосим Ҷамолиддин, раҳбари таҳқиқоти расмии қатли ин 108 нафар гуфт, кушташудаҳо “мухолифат ба давлатро радд карда, бо силоҳбадастон ихтилоф доштанд.” СММ мегӯяд, як қисми онҳоро бо тир, вале аксарро амдан куштаанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг ҳушдор доданд, ки чунин ҳаводис Сурияро ба домани “ҷанги шаҳрвандии фоҷиабор” тела медиҳад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ҳимояти Русия аз режими Башор Асад дар Шӯрои Амният метавонад Сурия ба ҷанги шаҳрвандӣ бубарад.
XS
SM
MD
LG