Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Топмедиа” сомонаи вижаи интернетиеро ба роҳ андохтааст, ки аз ҳаёти ситораҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон ва дунё ҳикоят мекунад. Беҳрӯз Зеваров, мудири кулли “Топмедиа” гуфт, Topstar.tj таронаҳои нав ва ҳам барномаҳои шабакаҳои радиоии Тоҷикистонро пахш хоҳад кард. Беҳрӯз Зеваров продюсери овозхонҳои маъруфе, чун Ҷонибеки Мурод, Парвин Юсуфӣ, Фирӯза Ҳафизова ва Диловар Сафаров аст. Сомонаи дигари ин ширкат – topvideo.tj – соли гузашта ҷоизаи “Падидаи сол”-и Медиа-Алянси Тоҷикистон барои беҳтарин тарҳи интернетии солро ба даст оварда буд. Феълан ҳар рӯз аз ин сомона 60 000 нафар дидан мекунанд.
XS
SM
MD
LG