Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 июн -Рӯзи байналмилалии кӯдакон


Имрӯз, 1 июн, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии панҷрӯза ба Чин меравад ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин бо хатми сафари Беларус роҳии Олмону Фаронса мешавад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Дания ба Норвегия сафар хоҳад кард. Имрӯз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева куштори 108 нафар дар рустои Ҳулои Сурияро баррасӣ мекунад. Имрӯз дар Истамбул рӯзи дувуми ҳамоиши "Эътилофи тамаддунҳо"-ст. Украина 1 июни соли 1996 охирин кӯлоҳаки ҳастаияшро ба Русия супурда, ба кишвари орӣ аз силоҳи ҳастаӣ табдил ёфт. Ва имрӯз, 1 июн аз Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG