Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои 80-уми қарни гузашта театри драмаву мусиқии шаҳри Кӯлоб пайваста барои ҳунарнамоӣ ба шаҳри Ленинобод мерафт.

Боре Устод Одина Ҳошим, раҳбари бадеии театр, ки аз парвози ҳавопаймо хаста шуда буд, баробари расидан ба меҳмонхона дар утоқаш рӯи рахти хоб дароз кашид.

Баъд аз чанд лаҳза як масъули идораи фарҳанги шаҳр ба наздаш омад ва ӯро ба зиёфати "калон"-ҳои шаҳр даъват кард.

-Бефараҳум!-гуфт дар ҷавоб овозхони маъруф

-Чизе, ако? – нафаҳмид мизбон.

-Калкотум!-овоз баровард Одина Ҳошим

-Калхот?-ҳайрон шуд масъули идораи фарҳанг.

-Мегум, ки пакарум, додар!

Мизбон боз чизе нафаҳмид.

-Хастаам, хаста!-таври маъмул, ангушти ишораашро боло карда гуфт Одина Ҳошим.

-Хастед? – аз ҷабини масъули фарҳанг арақ рехт.

-Рӯта Худо бина, додар, шалпарум, шалпар...

-А-а-а...

-Мегӯм, ки я сафсем устал и надо отдих делат!

-Ҳамина гӯед-да, - оҳи сабук кашид мизбон, - О, тоҷикии худамон катӣ гап занед намешад-мӣ, Одина-ако?!..

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG