Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар зидди Юлия Тимошенко 4 парвандаи дигар боз кардаанд


Виктор Пшонка-додситони кулли Украина мегӯяд, дар робита бо парвандаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина расидагӣ ба чаҳор парвандаи дигар оғоз шудааст. Виктор Пшонка дар мусоҳибае бо маҷаллаи “Фокус”- чопи Киев гуфтааст, дар натиҷаи расидагӣ таъйид шудааст, ки аз бонки зери контроли Юлия Тимошенко ба созмондиҳандагони куштори Евҳен Шербон 2 миллион доллар пул интиқол дода шудааст. Сармоядор Шербон ва хонуми вай моҳи ноябри соли 1996 парронда шуда буданд. Он вақт мубориза барои контрол бар манобеи энержӣ дар Украина идома дошт.
XS
SM
MD
LG