Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Душанбе дар бисёр навъҳои рақобат бо пирӯзии варзишгарони пойтахти кишвар ба анҷом расид.

Оксана Михайлус, котиби ин мусобиқа, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ин дафъа як рекорди нави Тоҷикистон гузошта шуд, ки он ба Владислава Овчаренкои душанбегӣ мутааллиқ аст. Вай масофаи 200 метрро миёни занон бо натиҷаи 24,59 сония тай намуд. Рекорди пешин 24,84 сония буд. Владислава, инчунин, дар давидан ба масофаи 100 метр мақоми аввалро касб кард ва дар ин мусобиқа ду медали тилло ба даст овард.”

Варзишгарони душанбегӣ Даврон Атобоев дар сабқати мардон дар ду масофа – 100 ва 200 метр ва Дилшода Раҳмонова (800 м ва 1500 м), инчунин, Александр Пронженко, аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дар давидан ба масофаҳои 110 метри монеадор ва 400 метр бо ду медали тилло мукофотонида шуданд.

Владислава Овчаренко

Владислава Овчаренко

Дар навъҳои дигар инҳо ғолиб шуданд: Олга Эшмуродова (400 м), Фарҳод Қуралов (800 м), Меҳрубон Шамсиддинов (1500 м), Ҳасан Ғафуров (10000 м), Баҳодур Хоҷаев (10 км), Комила Пӯлодова (100 м бо монеа), Хисрави Иқболшо (3000 м), Хуршед Юсуфов (400 метри монеадор), Наргис Неъматуллоева (400 метри монеадор), Ҳасан Ғаффоров (5000 м) – ҳама аз Душанбе, Таҳмина Шайманова (Хатлон-1, 5 км), Наргиса Тошева (300 м), Муниса Раҳимова (ҳарду - Турсунзода, 3000 м), Соҳиб Абдураҳимов (ҷаҳидан ба дарозӣ), Кристина Пронженко (ҷаҳидан ба дарозӣ) ва Шаҳбоз Ҳасанов (ҳарсе - Суғд, ҷаҳидан ба баландӣ).

Дар эстафетаи 4х100 м байни мардон дастаи Душанбе-2 ва миёни занон Душанбе-1, 4х400 м миёни мардону занон Душанбе-1 ғолиб шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG