Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз тасмими порламони Тоҷикистон истиқбол кард


Дуня Миатович
Дуня Миатович
Дуня Миатович-намояндаи САҲА барои озодии матбуот аз тасмими порламони Тоҷикистон дар бораи лағви моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон истиқбол кард. Вай гуфт, умедвор аст, ки ҳамаи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир саранҷом аз қонунҳои Тоҷикистон бардошта хоҳанд шуд.

Вай гуфт: “Ман аз ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон ва тасмими порламон, ки акнун тӯҳматро ҷиноят намешуморанд, истиқбол мекунам. Дар сурати иҷро ин қонун озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон бехатар хоҳад шуд”.

Имрӯз порламони Тоҷикистон моддаҳои 135 ва 136 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро дар бораи тӯҳмату таҳқир ба иттифоқи оро лағв кард.
XS
SM
MD
LG