Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои парвандаи Низомхон боз як нафар боздошт шуд


Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Шермат Нуров-муовини пешини додситони нақлиёти ин кишварро бо ҷурми ришвахорӣ боздошт кардааст. Фаттоҳ Саидов-раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, боздошти Шермат Нуров дар заминаи таҳқиқи парвандаи Низомхон Ҷурааев-вакили пешини Маҷлиси вилоятии Суғд сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Шермат Нуров бо дарёфти 100 000 доллар ришва аз хонаводаи Ҷураевҳо ваъда додааст, ки ба сабук кардани ҳукми Фахриддин Ҷураев-бародари Низомхон кӯмак мекунад.

Маблағи зарари расида ба хонаводаи Ҷураевҳо баргардонида шудааст.
XS
SM
MD
LG