Пайвандҳои дастрасӣ

То охирин лаҳза касе намедонист, ки самти аввалин сафари раисиҷумҳури "нав"-и Русия ба кадом тараф хоҳад буд.

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҳоле вориди Беларус шуд, ки нақшаи нахустин сафари хориҷияш чанд бор тағйир ёфт. Аввал интизор мерафт, ки вай рӯзҳои 18 ва 19-уми май ба Иёлоти Муттаҳида меравад ва дар дидори сарони "Ҳаштгона" ширкат мекунад. Вале ба ин ҷо сарвазир Дмитрий Медведев сафар кард. Путин аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои НАТО дар Чикаго низ худдорӣ намуд, ки бисёре аз президентҳои кишварҳои Шӯравии пешин аз ӯ пайравӣ карданд.

Ҳанӯз пеш аз расми савганди президентӣ Путин даъватномаи раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоевро пазируфта буд ва интизор мерафт, 25-уми май дар ҷашни бистумиин солгарди равобити дипломатии Русия ва Қазоқистон дар Остона ҳузур медошт. Дар ин ҷо ҳам сарвазир Медведев ӯро иваз намуд. Ҳоло гуфта мешавад, интихоб шудани Минск ба ҳайси нахустин пойтахти мавриди сафари Путин ин далелро дорад, ки Беларус бо Русия қарордоди иттиҳоди ду давлатро имзо карда ва расман аз наздиктарин ҳампаймонҳои Маскав мебошад. Аммо ин хабар барои худи Минск ҳам ногаҳонӣ ба назар мерасад.

Шитобзадагӣ дар таҳияи заминаҳои сафари Минск ва суханони раисиҷумҳури Беларус, Аляксандр Лукашенка нишон медиҳанд, ки барнома ва масъалаҳои ин сафар то охир дақиқ нашудаанд. Лукашенка гуфт, дар як ҷаласаи фаврӣ ташкилу таъмини сафари Путинро бар дӯши сарвазир Михаил Мясникович ва вазири умури хориҷӣ Сергей Мартинов гузоштааст. Ин дар ҳолест, ки чунин сафарҳоро, одатан, гурӯҳҳои кории ду тараф омода мекунанд. Лукашенка изофа намуд, ки бояд ҷанбаъҳои нави ҳамкориҳои ду кишвар дарёфт шаванд ва ӯ гӯё ин масъалаҳоро бо Путин ҳанӯз дар Маскав ҳамоҳанг кардааст. Чунин таъкид, зоҳиран, ин вазифаро дошт, ки "бе нақша" будани сафарро пӯшонад.

Таҳлилгари умури байнулмилалӣ, Роман Яковлевский, мегӯяд, Минск дар роҳи сафари Путин як тасодуф аст: “Он ки сафари аввал на ба Остона, балки ба Минск афтод, на бо аҳамияти Лукашенка барои Путин, балки ба ҷадвали кори сарвазири Олмон ва президенти Фаронса бастагӣ дорад. Яъне вай дар роҳи сафар аз Минск дидан мекунад. Аммо Лукашенка ба он сабаб асабонист, ки ягон чиз барояш маълум нест. Тамоми “лоббӣ”-и ӯ ё шабакаи мухбирони ӯ дар Маскав аз тарафи Путин безарар шудааст.”

Коршиносони дигар низ Олмонро кишваре меноманд, ки барои Путин аҳамияти хос дорад. На танҳо барои он ки Путин дар ин кишвар ба ҳайси агенти КГБ панҷ сол кор карда ва забони олмониро хуб медонад, балки Олмон бузургтарин шарики иқтисодии Русия дар Иттиҳоди Аврупост. Сарвазири собиқи Олмон Герҳардт Шрудер корманди яке аз ширкатҳои гази Русия аст, ки ба воситаи лулаи шимолӣ гази Русияро ба Аврупо интиқол медиҳад. Иттифоқан танҳо ӯ ва Силвио Берлусконӣ, сарвазири собиқи Итолиё, ба ҳайси меҳмонони аврупоӣ дар маросими савганди Путин дар Маскав ширкат карданд. Русия бо Фаронса низ равобити наздик дошт ва мулоқоти Путин бо президенти нав ва сотсиалисти Фаронса, Франуса Олланд, қарор аст, ба идомаи анъанаи дерина роҳ кушояд.

Вале асабонияти Лукашенка, ки коршиносон ба он ишора мекунанд, маншаи дигар ҳам дошта метавонад. Кишвар зери фишори таҳримҳои Ғарб буда, бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯбарӯст. Минск аз ёриҳои Ғарб маҳрум асту ба имдоди Русия ниёз дорад, аммо Русия ба фикри он аст, ки дар ивази кӯмак назорати риштаҳои асосии иқтисодиёти Беларусро ба даст орад.

Тибқи барнома рӯзи 31-уми май Путин дар Минск бо Лукашенка дидор ва гуфтугӯ хоҳад дошт. Рӯзи ҷумъа вай дар Берлин бо Ангела Меркел, сарвазири Олмон ба музокира менишинад. Сипас дар идомаи боздидаш вориди Фаронса мешавад.
XS
SM
MD
LG