Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тибби Тоҷикистон ба сармоягузорӣ ниёз дорад"


Ананд Гровер
Ананд Гровер

Гузоришгари вижаи Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хост, сармоягузорӣ дар бахши тибро афзоиш бидиҳад.

Ананд Гровер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар умури беҳдошт, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба хотири дастрасии бештари аҳолӣ ба хадамоти беҳдоштӣ маблағгузориро дар бахши тибби кишвар афзоиш диҳад.

Дар поёни сафари ҳаштрӯзааш ба Тоҷикистон, ҷаноби Гровер гуфт, ҳоло танҳо 6 дарсади буҷаи давлатии Тоҷикистон ба бахши беҳдошт сарф мешавад, дар ҳоле ки ҳисоби миёнаи масрафоти ин соҳа дар кишварҳои рушдёбанда 10 дарсадро ташкил медиҳад.

Ананд Гровер афзуд, "мутаассифона, низоми пешинаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ташаккул наёфта боқӣ мондааст ва ба таври зарурӣ маблағгузорӣ намегардад. Бинобар ин, дар деҳот ва манотиқи куҳӣ аксарияти мардум ба хидматрасонии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 75 дарсади аҳолии Тоҷикистон маҳз дар рустоҳо ба сар мебаранд. Набуди низоми зарурии кӯмаки аввалияи тиббӣ қабл аз ҳама ба сиҳатии мордару кӯдак, таъсири манфӣ дорад."

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон
Ин пешниҳоди гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, қариб нисфи маблағҳои буҷаи давлат маҳз ба соҳаи тандурустӣ ва маориф ихтисос дода мешавад. Аз ҷумла Исмоил Талбаков, намояндаи парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ба бахши беҳдоштӣ, ҳукумати кишвар низ маблағгузориро ба ин соҳа афзоиш медиҳад. Ҷаноби Талбаков гуфт, "агар мо дар муқоиса бо солҳои пешин бигирем, маблағҳои зиёди буҷа маҳз ба ҳамин соҳа равона мешавад. Масалан, агар соли 2007-ум 178 млн 267 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, дар соли 2012-ум зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба ин бахш маблағгузорӣ мешавад."

Аммо воқеияте, ки аз ҷумла Ананд Гровер, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқ ба саломатӣ, дар Тоҷикистон дидааст, баёнгари рукуд дар риштаи беҳдошт аст. Вай камбуди сармоягузории давлатиро сабаби фасод, пардохтҳои ғайрирасмӣ, камии музди пизишкон ва тарки кишвар кардани онҳо номид. Ба гуфтаи вай, идомаи ин раванд, сабаби афзоиши нобоварии аҳолӣ ба соҳаи тиб хоҳад шуд.

Ҷаноби Гровер аз густариши бемории сил дар Тоҷикистон ҳам изҳори ташвиш кард. Ба гуфтаи вай, бинобар нокифоя будани омодагии кормандони соҳаи беҳдоштӣ ин беморӣ аксаран дар зиндонҳои кишвар миёни маҳсубон дар ҳоли шиддат гирифтан аст. Ӯ дар идома ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ба вазъи беморони рӯҳӣ таваҷҷӯҳ шавад. Зеро то имрӯз барои ин беморон донорҳои хориҷӣ маблағузорӣ накардаанд ва инчунин ягон нақшаи миллии таваҷҷӯҳ ба соҳа мавҷуд нест.

Ананд Гровер мегӯяд, "дар Тоҷикистон ҷудосозӣ дар ҷомеа ё стигмаи одамоне, ки бемории рӯҳӣ доранд, тағйир наёфтааст. Ҷузъиёти номнависи бемор ба корфармо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд, ки дар баъзе ҳолат боиси табъиз дар вақти ба кор қабул кардан ва таълим мешавад."

Бояд гуфт, сафари Ананд Гровер, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқ ба саломатӣ, бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, натиҷаи ин сафар тобистони соли оянда ба таври васеъ дар ҳисоботи ниҳоӣ ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG