Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари соҳибноми тоҷик даргузашт


Худойназар Боқиев
Худойназар Боқиев
Худойназар Боқиев-паҳлавони маъруф ва мураббии варзида баъд аз бемории тӯлонӣ 30-юми май дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи дил дар ноҳияи Рӯдакӣ даргузашт.
Худойназар Боқиев дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Инчунин ӯ дар замони шӯравӣ дар мусобиқоти мухталифи сартосарии Шӯравӣ ғолиб омада буд.

Фарзандонаш Алишер, Ҳаким, Рустам, Расул ва Акбар гуштигирони маъруфи кишвар мебошанд. Фарзанди калониаш Алишер дар риштаи дзюдо барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё шудааст. Рустаму Расул қаҳрамонҳои ҷаҳон дар навъи гуштии кураш ва ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба дзюдо мебошанд.
Расул Боқиев ба Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин медали олимпӣ овардааст. Ӯ дар Олимпиадаи Пекин соли 2008-ум дар риштаи дзюдо барандаи медали биринҷӣ шуда буд.

Ҷасади Худойназар Боқиев рӯзи чаҳоршанбеи 30-юми май дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG