Пайвандҳои дастрасӣ

Муҷассамаи ёдгорӣ барои хотираи қурбониён дар Қазоқистон


Муҷассамаи ёдгорӣ дар Остона

Муҷассамаи ёдгорӣ дар Остона

Рӯзи панҷшанбе дар Остона аз рӯи як муҷассамаи ёдгорӣ пардабардорӣ карданд. Ин муҷассама барои гиромидошти хотираи садҳо ҳазор нафар одамон, ки дар гуруснагии солҳои 1932-33 дар Қазоқистон ҷон дода буданд, гузошта шуд.

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар дар маросими пардабардорӣ гуфт, “гуруснагӣ ва оқибатҳои он сангинтарин фоҷеаи башарӣ дар давраи Шӯравӣ буд”. Ба гуфтаи Назарбоев, дар ин гуруснагӣ 1,5 миллион нафар ҷон додаанд, ки 600 000 нафари онҳо қазоқҳо будаанд. Қазоқистон рӯзи панҷшанбе “Рӯзи қурбониёни фишорҳои сисёсӣ”-ро низ баргузор кард.
XS
SM
MD
LG