Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони давлат ба президент Башор Асад мӯҳлат доданд


Артиши озоди Сурия, ки аз мухолифони давлати ин кишвар ба шумор меравад, гуфтааст, режими президент Башор Асад бояд нақшаҳои сулҳи СММ-ро то рӯзи ҷумъа иҷро кунад, вагарна размандагони мухолифон оташбасро риоят нахоҳанд кард.

Дар эъломияи фармондеҳони мухолифон омадааст, ки куштори занону кӯдакон дар ҷумъаи гузашта дар деҳаи Ҳула собит сохтааст, ки оташбаси якҷониба ҳеҷ маънӣ надорад, зеро Башор Асад аз иҷрои нақшаи сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб пешгирӣ мекунад.

Ин нақшаи сулҳ аз 6 модда иборат аст. Фармондеҳони мухолифон то нисфирӯзии ҷумъа ба Башор Асад барои иҷрои ин моддаҳо вақт додаанд.
XS
SM
MD
LG