Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як қадами дигари Тоҷикистон ба сӯи WTO


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар дар мавриди воридшавӣ ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (WTO) бо ҷумҳурии Салвадор ба мувофиқа расидааст. Санади мувофиқаи миёни Тоҷикистону Салвадор дар шаҳри Женева ба тасвиб расидааст.

Ба қавли масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба ин тартиб Душанбе як қадами дигар ҷиҳати воридшавӣ ба СҶТ гузоштааст. Тоҷикистон қаблан чунин санади мувофиқатро бо Чин ва Ҳиндустон ба тасвиб расонда буд.

Музокирот дар мавриди воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли анҷомёбист. Тоҷикистон дар соли 2001-ум барои шомил шудан ба СҶТ дархост пешниҳод карда буд ва то кунун музокироти дуҷониба бо кишварҳои узви ин созмон ва низ иҷрои талаботи ин созмон идома дорад. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, феълан Тоҷикистон ҷиҳати воридшави ба СҶТ бо бештар аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 27 кишвари Иттиҳодияи Аврупо музокирот дорад.
XS
SM
MD
LG