Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавони шинохта Худойназар Боқиев даргузашт


Худойназар Боқиев дар бистари беморӣ. Моҳи сентябри соли 2009

Худойназар Боқиев дар бистари беморӣ. Моҳи сентябри соли 2009

Худойназар Боқиев, мураббии маъруф ва падари Расул Боқиев, дар синни 61-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Паҳлавони маъруф ва мураббии варзида Худойназар Боқиев баъд аз бемории тӯлонӣ 30-юми май дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи дил дар ноҳияи Рӯдакӣ оламро падруд гуфт.

Худойназар Боқиев дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо ва дзюдо борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Инчунин ӯ дар замони шӯравӣ дар мусобиқоти мухталифи умумииттифоқӣ ғолиб омада буд.

Вай ҳамчун мураббии гуштӣ дар тарбияи шогирдон хидмати арзанда кардааст. Дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раҳбарии Худойназар Боқиев бисёр гуштигирони машҳур ба камол расидаанд.

Фарзандонаш Алишер, Ҳаким, Рустам, Расул ва Акбар гуштигирони маъруфи кишвар мебошанд. Фарзанди калониаш Алишер дар риштаи дзюдо барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё гардидааст. Рустаму Расул қаҳрамонҳои ҷаҳон дар навъи гуштии кураш ва ғолибони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба дзюдо мебошанд.



Расул Боқиев ба Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин медали олимпӣ овардааст. Ӯ дар Олимпиадаи Пекин соли 2008-ум дар риштаи дзюдо барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

Устоди варзиши СССР Худойназар Боқиев бо унвони фахрии “Мураббии шоистаи Тоҷикистон” сарфароз шудааст.

Ҷасади ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 30-юми май дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG