Пайвандҳои дастрасӣ

Ромнӣ дар Амрико чӣ сиёсатеро дунбол хоҳад кард?


Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ

Митт Ромнӣ боре гуфта буд, "хатти сиёсати хориҷии ман мисли Роналд Рейган хоҳад шуд, яъне, “сулҳ тавассути нерӯ".

Митт Ромнӣ бо пирӯзӣ дар интихоботи муқаддамотӣ (пешакӣ) дар иёлати Техас шумори кофии раъйи вакилони анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳро ба даст овард ва ин анҷуман дар моҳи август ғолибан ӯро рақиби Барак Обама дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрико интихоб хоҳад кард.

Тими Ромнӣ беш аз 20 коршинос дар масоили амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷиро дар бар мегирад, ки аз се ду ҳиссааш дар маъмурияти раисиҷумҳури собиқи ҷумҳурихоҳ Ҷорҷ Буши хурдӣ мақомҳои иктишофиву низомӣ ва дипломатиро соҳиб буданд.

Аммо Ромнӣ фалсафаи сиёсати хориҷиашро бештар ба президенти дигари собиқ Роналд Рейган пайванд медиҳад. Худи ӯ ҳам боре гуфта буд, "хатти сиёсати хориҷии ман мисли Роналд Рейган хоҳад шуд, яъне, “сулҳ тавассути нерӯ." Ромнӣ ҳамчунин Амрикои қавиро беҳтарин василаи то ҳол кашфшудаи пешгирии ҷангҳо медонад. Аз ин рӯ, Ромнӣ бо таҳдиди исломиҳои тундрав, ки ба ақидаи ӯ, мехоҳанд, “давлатҳои дӯстдори озодиро суқут диҳанд”, бо роҳи тақвияти нерӯҳои иктишофии Амрико, афзоиши шумори артиш ба 100 000 сарбози дигар ва “мониторинг”-и даъватҳои Ал-Қоида муқобила хоҳад кард.

Аммо дар сурати ба Кохи Сафед расидани Ромнӣ, ҳаҷми кумакҳои хориҷии Амрико коҳиш хоҳад ёфт. Ӯ гуфтааст, додани пул ба ҳар кишвареро, ки худкифост, қатъ мекунад ва ҳам “ба кишварҳое, ки мухолифи манофеи Амрикоянд, ягон навъ кумак нахоҳад кард.” Митт Ромнӣ сиёсати рақибаш Барак Обама дар қиболи Эронро “ноком” мехонад. Баёнияҳои ӯ дар мавзӯи ҳассоси Эрон тақрибан ҳамеша роҳи низомии ҳалли масъаларо зикр мекунанд. Дар моҳи ноябр, вақте аз Ромнӣ пурсиданд, ки оё лозим аст, барои пешгирӣ аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ба ҷанг рафт, ӯ гуфт: “Бале, лозим аст, ки таҳримоти сангин эъмол шавад, лозим аст, ки бо чирикиҳо дар дохил ба хотири ташвиқи тағйири режим кор бурда шавад. Агар ин ҳама натиҷа наорад ва баъди онки мо тамоми корро кардем, чизи дигаре барои мо ба ҷуз аз иқдоми низомӣ намемонад ва албатта, Шумо ба иқдоми низомӣ даст мезанед.”

Ромнӣ ахиран дар рӯзномаи “Washington Post” навишт, ӯ ба эъмоли таҳримоти сангин пой фишурда, ҳамин тавр, “аз масоили демократия дар Эрон ҳарф хоҳад зад ва дигарандешони эрониро пуштибонӣ хоҳад кард.” Аммо, “муҳимтар аз ин ҳама”, афзуд ӯ, “ман дипломатияамро бо роҳи низомӣ тақвият хоҳам бахшид, ки оятуллоҳҳоро ба бас кардани ғаразҳои ҳастаияшон мутақоид бисозад.” Ин шева нигоҳ доштани киштиҳои низомӣ дар шарқи баҳри Миёназамин ва халиҷи Форс ва ҳам афзоиши кумаки низомӣ ба Исроилро дар назар дорад.

Дар масъалаи Афғонистон, Ромнӣ нақшаи Обама барои хуруҷи нерӯҳо то поёни соли 2014-ро ба боди интиқод кашида мегӯяд, ин ба душман имкон медиҳад, ки фурсати худро бипояд. Аммо худи Ромнӣ зоҳиран дар мавриди хуруҷи эътилоф аз Афғонистон ҳанӯз дидгоҳи мушаххасеро интихоб накардааст, ки нерӯҳоро берун бикашанд ё чӣ. Ромнӣ мегӯяд, “ҳар рӯз” бо Ҳомиди Карзай сӯҳбат хоҳад кард ва раҳбари Афғонистон бояд дар хатми ҷанг саҳм гузорад.

Ҳомиди Карзай

Ҳомиди Карзай

Аммо Митт Ромнӣ бештарин таваҷҷӯҳро ба худ замоне ҷалб кард, ки дар аввали сол дар мусоҳиба бо СNN Русияро “душмани рақами як”-и Амрико номид: "Душмани рақами яки геополитикии мо ҷои суол надорад. Онҳо тамоми ҷадалро мекунанд, ки бадтарин бозигари дунё шаванд." Санади расмии сиёсати ӯ ҳам ҳушдор медиҳад, ки Русия “як нерӯи баҳамзанандаи субот дар саҳнаи ҷаҳонист.” Далелҳои ин ҳам оварда шудаанд: “Фишангҳои фишори Кремл дар мавриди таъмини энержии Аврупои марказиву ғарбӣ, захираи силоҳҳои ҳастаияш, собиқаи ахири иқдомоти низомии таҳоҷумиаш ва ҳам қудрате, ки ин кишвар дар ниҳодҳои чандҷонибае, чун СММ дорад.”

Ромнӣ гуфтааст, ба “шеваҳои худкомаи давлати Русия муқобила хоҳад кард ва сиёсати “бозбинӣ”-и маъмурияти Барак Обама дар қиболи Русияро аз нав “бозбинӣ” карда, стротежиеро пеш хоҳад бурд, ки “дафъи рафтори пархошгаронаву тавсеаталабона”-ро дунбол мекунад. Ин сиёсат дар қадами аввал бозбинии паймони нави START-ро дар назар дорад ва ҳам ба ин маъност, ки Митт Ромнӣ дар сурати нишастан ба курсии раисиҷумҳури Амрико, ҷиҳати коҳиши нуфузи Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ талош хоҳад кард. Аз ҷумла, тавассути тақвияти равобити Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG