Пайвандҳои дастрасӣ

Консули Сурия дар Калифорния тағйири ҷониб кард


Консули ифтихории Сурия дар Калифорния дар посух ба куштори беш аз 100 нафар дар Ҳуло табдили сангар кард. Ҳозим Шиҳобӣ гуфт, “фурсате расида ки хомӯшӣ ва беамалӣ аз нигоҳи ахлоқӣ ғайри қобили қабул аст ва ин нуқта барои ман куштори ваҳшиёна дар Ҳуло шуд.” Падари Шиҳобӣ дар аҳди Ҳофиз Асад – падари президенти кунунӣ Башор Асад - фармондеҳи ситоди артиши Сурия буд.
Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рӯзи ҷумъа дар як иҷлоси изтирорӣ куштори Ҳулоро баррасӣ хоҳад кард. Куштори Ҳуло кишварҳои зиёди ғарбиро ба ихроҷи дипломатҳои Сурия водор кард. Таҳқиқотҳо ҳокист, ки дар Ҳуло аксар, аз ҷумла кӯдакон, ба сурати гурӯҳӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG